IQNA

Истиқболи расонаҳои ибрӣ аз ҳазфи матолиби зидди саҳюнистӣ дар  китобҳои дарсии Арабистон 

22:29 - July 18, 2023
рақами хабар: 235
Расонаҳои ибрӣ аз ҳазфи матолиб алайҳи режими саҳюнистӣ дар китобҳои дарсии Арабистони Саудӣ ба вежа дар ҳазфи иттиҳоми ба оташкашидани Масҷидулақсо ва оғози ҷанги 1967 бо ҳадафи султа бар Ховари Миёна истиқбол карданд.

Ба гузориши (ИКНА) ба нақл аз Арабӣ 21, расонаҳои ибрӣ, ки талошҳо барои оддисозии равобит миёни режими саҳюнистӣ ва Арабистони Саудиро думбол мекунанд, аз ҳазфи матолиб алайҳи ин режим дар китобҳои дарсии Арабистони Саудӣ ба вежа дар ду масъалаи ба оташкашидани Масҷидулақсо ва оғози ҷанги 1967 бо ҳадафи султа бар Ховари Миёна истиқбол кардаанд.

Итамар Айханер, хабарнигори сиёсии рӯзномаи Едиот Аҳаронот, муддаӣ шуд: аз замони қудрат гирифтани Муҳаммад ибни Салмон, инқилобе дар ислоҳ ва тағйири мӯҳтавои кутуби дарсӣ дар ин замина сурат гирифтааст.

Вай афзуд: як мутолиаи ҷадид, ки дар (Исроил) сурат гирифта тағйиротеро, ки имсол дар барномаҳои дарсии Арабистони Саудӣ тайи панҷ соли гузашта рух додааст, баррасӣ кардааст, дар ин раванд матолиби дарсӣ алайҳи Исроил ҳазф шуда, аммо мӯҳтавои дарсӣ алайҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҳавсиҳо ва Ихвонулмуслимин матраҳ шуда ва ҳамчунин матолиби мубтанӣ бар мудоро бар асоси стандартҳои Юнеско ва тарвиҷи сулҳ афзоиш ёфтааст.

Итамар Айханер, хотирнишон кард: муҳиммтарин тағйиротро метавон дар тағйири нигариши манфӣ нисбат ба яҳудиён ва ҳазфи тақрибан ҳамаи намунаҳои яҳудситезона донист.

Маркус Шиф мудир омили муассисаи таҳқиқот ва сиёсати IMPACT-se, ба аҳамияти ислоҳот дар китобҳои дарсӣ дар Арабистон ба унвони як кишвари таъсиргузор дар миёни аҳли суннати ҷаҳон ишора кард. Муовини вай Эрик Агассӣ низ тасреҳ мекунад: тағйироти эҷод шуда тавассути Ибни Салмон бисёр шуҷоъона, бесобиқа ва нишонаи тағйироти муҳимме дар ояндааст, зеро подшоҳи Саудӣ як кишвари маъмулӣ нест, китобҳои дарсии чоп шуда дар он байни ҷавомеъи мусулмон дар саросари ҷаҳон тавзеъ мешавад ва тавассути даҳҳо миллион донишомӯз дар масоҷид ва соири фазоҳои омӯзишӣ мавриди мутолиа қарор мегирад.

Ин аввалин бор нест, ки режими палиди саҳюнистӣ аз тағйирот дар барномаи дарсии мадориси Арабистони Саудӣ тамҷид мекунад ва муддаӣ аст, ки ин барнома шоҳиди тағйироти асосӣ будааст. Бисёре аз расонаҳо ин гузоришҳоро ба маънои нишонаҳои ошкор аз омодасозӣ барои оддисозии равобит миёни режими саҳюнистӣ ва Арабистони Саудӣ тафсир кардаанд.

https://iqna.ir/fa/news/4155671

captcha